Ссылки доступа

Блогерҳои тоҷикро андоз мебанданд, ҳоло маълум нест чӣ гуна (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Блогерҳои тоҷикро андоз мебанданд, ҳоло маълум нест чӣ гуна. Чанде аз блогерҳои тоҷик мегӯянд, мақомот аз онҳо дар бораи чӣ қадар пул кор кардан пурсидаанд ва гуфтаанд, ҳар инсон бар асоси қонун бояд аз даромадаш андоз супорад. (видео)

- Гапи Озод: Чаро ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷанҷолбарангез аст? Ҳиҷоб ё рӯсарӣ чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ шудааст. Баъзеҳо онро "фарҳанги бегона" ва баъзеи дигар "амри Худованд" меноманд. Масъала танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар бисёр кишварҳо боис ба баҳс шудааст. (видео)

- Баҳси тоҷирони маркази "Суғдиён" бо раҳбарият. Кӣ ҳақ аст? Гуруҳе аз соҳибкорони Маркази тиҷоратии “Суғдиён” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят мекунанд, ки соҳиби бозор бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Молики маркази тиҷоратӣ мегӯяд, сухан аз маблағҳое меравад, ки барои хароҷот ва ободонии бозор бояд пардохт шавад. (видео)

- Дар Кӯлоб хона ба хона китоб тақсим мекунанд. Дар давраи таътил дар байни бачаҳо китоб тақсим мекунанд, то бачаҳо "бекор нашинанд." Маҳмудҷон Раҳматзода ба хонаи ду хонандаи як мактаб рафт ва ин гузоришро фиристод. (видео)

- Ду бонк барои шифохонаҳои Тоҷикистон $12 млн ҷудо карданд. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ созишномаҳои ҳамкориро байни Тоҷикистон ва ду бонки байналмилалӣ барои беҳбуди хидматрасониҳои тиббӣ тасвиб кард. (видео)

- Деҳқонон мегӯянд, хуб аст, агар ваъдаи президент иҷро шавад. Кишоварзони тоҷик ва коршиносон мегӯянд, хуб аст, агар ваъдаи президент Эмомалӣ Раҳмон барои озод кардани деҳқонон аз молиёти замин иҷро шавад (видео)

- Як замин -- се қарор. Айби раис ё даъвогарон? Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд ва пойи додситониву раиси ноҳия ва мақомоти дигар ҳам ба он кашида шудааст. Моҷаро ҳанӯз тамом нашудааст (видео)

- Масҷидҳои Тоҷикистон ба намозҳои дастҷамъӣ омода мешаванд. (видео)

- Интернет дар Тоҷикистон: Суръат пасту нарх баланд. Чаро? Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, масъала пеш аз ҳама аз мавқеи ҷуғрофии кишвар вобаста аст, ки куҳистонӣ ва дур аз зербунёдҳои аслии иртиботи интернетӣ аст. Коршиносон мегӯянд, мавқеи ҷуғрофӣ баҳона аст, мушкил дар мудирияту дастдарозии мақомот аст. ​(видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG