Ссылки доступа

Русия аз 1 феврал талабот ба шабакаҳои иҷтимоиро сахттар кард


Дар Русия имрӯз, 1 феврал қонуни нави федеролие ба иҷро даромад, ки талабот ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро сахттар мекунад. Соҳибони шабакаҳо бояд маводи мамнуъро пайдо ва нашри онро манъ кунанд.

Аз ин ба баъд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия гуфтани суханҳои қабеҳ ва даъват ба тазоҳуроти бидуни иҷозат манъ аст. Дар Русия пештар қонуни манъи нашри маводи "экстремистӣ" низ ба иҷро даромада буд.

Соҳибони сомонаҳо агар матнҳоеро, ки аз сӯи мақомот мамнуъ ҳисобида мешаванд, пок накунанд дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ($1,3 ҳазор) ҷарима хоҳанд шуд. Агар моликони шабака ё сомона шахси ҳуқуқӣ бошад, ҳаҷми ҷарима аз 3 то 8 миллион рубли русӣ аст. Барои нақзи такрории қонун соҳиби шабака аз 20 дарсади маоши солонааш маҳрум мешавад.

XS
SM
MD
LG