Ду сиёсатмадор озодии фаврии Алексей Навалний, мухолифи русро аз зиндон талаб карданд. Ҳамчунин ин ду вакили порлумони ИМА гуфтанд, ҳазорон эътирозгар дар Русия, ки рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, бояд аз ҳабс раҳо карда шаванд. Дар изҳороти Маккол ва Микс омадааст, ки "ИМА ва дар маҷмуъ ҷомеаи фароатлантикӣ бо мардуми Русия ҳамнаво ҳастанд, ки сарфи назар аз хатари ҳабсу сармо, ба кӯча баромада, риояи ҳуқуқҳои асосии инсонро талаб доранд".
Дар изҳороти муштараки ду вакил ҳамзамон омадааст, ки "ҳукумати Путин бояд барои фасодкории бевиҷдононааш посух диҳад".
Дар Москва имрӯз, 2 феврал қарор аст, додгоҳ ҳукми шартии мухолифи рус Алексей Навалнийро ба ҳукми воқеӣ табдил диҳад. Дар сурати қарори мусбати додгоҳ, мумкин аст, Навалний дар доираи парвандаи маъруф ба "Ир Роше" зиндонӣ шавад.