Ссылки доступа

Ҳавопаймои низомии Покистон барои ворид кардани воксини зидди COVID озими Чин шуд


Покистон тасмим дорад, дар ҳафтаи ҷорӣ воксинзании сартосариро шуруъ кунад. Бо ҳадафи ворид кардани воксини чинӣ, як ҳавопаймои низомии Покистон ахиран озими Чин шуд.

Интизор меравад, ки ҳавопаймо бо 500 ҳазор вояи воксини SinoPharm ба Покистон баргардад.

Воксини чиниро дар Покистон дар навбати аввал кормандони соҳаи тиб мегиранд. Ҳадди ақал 400 ҳазор корманди тиб дар навбати воксингирӣ номнавис шудаанд.

Рӯзи 30 январ вазорати ҳифзи тандурустии Покистон эълом кард, ки ин кишвар аз воксини AstraZeneca, истеҳсоли ширкати муштараки дорусозии Бритониёву Швейтсария 17 миллион воя дастрас хоҳад кард.

Раёсати танзими васоили табобатии Покистон истифодаи воксинҳои SinoPharm, AstraZeneca ва "Спутника V"-и русиро тасдиқ кардааст.

Як назарпурсии ахири маркази пажуҳишии Gallup Pakistan собит кардааст, ки эҳтимол дорад, нисфе аз покистониҳо аз гирифтани воксин худдорӣ кунанд. Ба бовари онҳо, хатари коронавирус беш аз андоза нишон дода мешавад.

Дар он кишвар 544 ҳазору 813 ҳолати гирифторӣ ва 11 ҳазору 657 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG