Ссылки доступа

Дар Узбекистон теъдоди муҳоҷирони дар кишварҳои хориҷ бударо эълом карданд


Ба иттилои вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши фақри Узбекистон, бештар аз 1,6 миллион шаҳрванди ин кишвар дар хориҷ фаъолият мекунад.

Ин нишондод нисбат ба як соли пеш 782 ҳазору 400 кас камтар аст.

Бештаре аз ин муҳоҷирон дар Русия - 1 миллион 192 ҳазор, дар Қазоқистон 209 ҳазору 300 кас, дар Куриёи Ҷанубӣ бештар аз 62 ҳазор ва ғайра қарор доранд.

Муҳоҷирони узбекистонӣ бештар дар сохтмонҳо, соҳаи саноат, тиҷорату хизматрасонӣ ва ғайра фаъолият мекардаанд.

XS
SM
MD
LG