Ссылки доступа

Дар Туркманистон маҳдудиятҳо тамдид ва воксинзанӣ шуруъ мешавад


Дар Туркманистон маҳдудияти гашту гузори сокинон сахттар ва воксинзании сартосарӣ шуруъ мешавад.

Дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ин кишвар барои воксинзанӣ воксини русии "Sputnik V"-ро харидорӣ карда, интизор меравад, 15 феврал воксинзании сарторсарии сокинон шуруъ шавад.

Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, воксини русии "Sputnik V" сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин воксини русии зидди коронавирус "ЭпиВакКорона"-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.

XS
SM
MD
LG