Ба гуфтаи волидон, Бонки "Сенагат"-и Туркманистон, ки ахиран ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути Western Union-ро то 50 доллари амрикоӣ поин бурда буд, муҳлати интиқолро дароз мекунад.
Як гуруҳи волидон бо талаби шарҳи расмии маҳдудияти навбатӣ чанде пеш дар назди бинои Бонки марказии Туркманистон дар шаҳри Ишқобод ҷамъ шуданд. Вале масъулони бонк онҳоро ба дохил роҳ надоданд. Танҳо нафаре, ки ба назди онҳо баромада, худро намояндаи бонк муаррифӣ кард, гуфтааст, Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо мушкили норасоии асъор рӯбарӯ аст ва бинобар ин маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ахиран хабар дод, ки Бонки тиҷории "Сенагат"-и Туркманистон аз 26 январи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути низоми Western Union-ро аз 200 то ба 50 доллари амрикоӣ поин бурдааст.
Маҳдудияти ахир дар кори низомҳои интиқоли пулӣ вазъи донишҷӯёни Туркманистон дар кишварҳои хориҷ ва волидони онҳоро мушкил сохтааст.