Ссылки доступа

Навбатпоии мошинҳои ҳомили "ҷонибдорони Навалний" дар назди боздоштгоҳҳо


Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Русия навбатпоии мошинҳои ҳомили иштирокдорони боздоштшудаи тазоҳуроти 31 январ ба ҷонибдорӣ аз мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний ба миён омадааст.

Бино ба хабари "ОВД-Инфо", пулиси Русия гуфтааст, ин навбатпоиҳо интизор меравад, то 48 соат идома ёбанд.

Ба гуфтаи худи боздоштшудаҳо, дар назди боздоштгоҳҳои Москва аз 5 то 9 мошини ҳомили дастгиршудаҳо навбат мепоянд. Дар дохили ҳар як мошин, ки барои 23 кас пешбинӣ шудааст, 31 нафар қарор дорад. Дар ҳоле ки дохили мошинҳо сард буда, ба боздоштшудаҳо об ё иҷозати рафтан ба ҳоҷҷатхона дода намешавад.

Фаъоли мадании рус Иля Афанасев гуфт, ӯ ва дастгиршудаҳои дигарро дирӯз ба яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии Петербург бурдаанд ва то ҳол ба онҳо на об медиҳанду на ғизо. Микроавтобусҳои ҳомили боздоштшудаҳо низ дар навбат буда, дар як соат се дастгиршуда ба қайд гирифта мешавад.

Пулиси Русия зидди тазоҳургароне, ки бо талаби озод кардани Алексей Навалний мунтақиди Кремл 31 январ ба кӯчаҳо баромаданд, аз зӯроварӣ кор гирифт. Бино бар хабарҳо, рӯзи 31-уми январ зиёд аз 2000 тарафдори Навалний боздошт шудаанд.

Нахуст эътирозгарон дар Шарқи Дур ва Сибир бо вуҷуди сармои шадид ва шумори зиёди нерӯҳои ОМОН дар кӯчаҳо гирдиҳамоиро шурӯъ карданд. Тазоҳурот баъдан дар дигар шаҳрҳо низ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG