Ссылки доступа

Дар Қазоқистон парвандаи ҷиноии фаъоли ҷамъиятӣ Серикҷон Билаш қатъ шуд


Вакилони мудофеи Серикҷон Билаш, фаъоли ҷамъиятӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи фирориёни Чин машғул аст, хабар доданд, пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон парвандаи ҷиноии Билашро қатъ кардааст.

Пулис нисбати Билаш бо моддаи "ангехтани адоват" парванда боз карда буд ва ҳамакнун "ба далели набуди таркиби ҷиноят" онро қатъ кардааст.

Билаш, ки айни замон дар Туркия зиндагӣ дорад, гуфт, маҷбур шуд, ки баъди ду парвандаи ҷиноӣ нисбаташ дар Қазоқистон, ин кишварро тарк кунад.

Билаш гуфт, ки парвандаи аввал бо моддаи "Ангехтани адоват" ва парвандаи дувум бо моддаи "Худсарӣ" нисбати вай боз шуда буд.

Билаш дар як мусоҳиба бо расонаҳои Ғарбӣ гуфт, ки мақомоти Қазоқистон аз вай хостаанд, нисбати қазияи қазоқтаборони Шинҷон аз мафҳумҳое амсоли "наслкушӣ" ва "поккории қавмӣ"-ро истифода накунад. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ин гуна мафҳумҳо "ба муносибатҳои Қазоқистон бо Чин халал эҷод мекунанд".

Серикҷон Билаш - қазоқтабори Шинҷон аст, ки ба Қазоқистон омада, шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кард. Соли 2017 вай мушкили мардуми туркзабони Шинҷонро ба баррасӣ гирифт. Билаш гуфт, ақалиятҳои қавмиро дар Шинҷони Чин, ки пайрави дини ислом ҳастанд, дар лагерҳои бозтарбия дар шароити бад нигаҳдорӣ мекунанд.

СММ дар соли 2018 гуфт, дар Шинҷон на камтар аз 1 миллион мусалмон дар лагерҳои бозтарбия фаро гирифта шудаанд. Пекин мавҷудияти лагерҳоро эътироф, аммо онҳоро "марказҳои омӯзиши касбӣ" унвон кард. Чин гуфт, ин марказҳо барои пешгирӣ аз "терроризм"-у "экстремизм" зарур ҳастанд.

XS
SM
MD
LG