Ссылки доступа

Размоишҳои муштараки Туркияву Озарбойҷон дар марз бо Арманистон


Туркияву Озарбойҷон рӯзи душанбе размоишҳои муштаракро дар шарқи Туркия, наздики марзи Арманистон шуруъ карданд.

Размоиш таҳти унвони "Зимистон-2021", ки мебояд, 12 феврал ба поён расад, далели дигаре барои наздикшавии ду кишвари туркзабон аст. Туркия дар ҷанги шашҳафтаии Қарабоғи Куҳӣ аз Озарбойҷон ҳимоят карда буд.

Баъди ҷанги шашҳафтаӣ дар Қарабоғи Куҳӣ байни Озарбойҷону Арманистон дар тирамоҳи соли гузашта, рӯзи 9 ноябр бо миёнаравии Москва созишномаи сулҳ имзо шуд. Бино ба шартҳои созишнома, Арманистон аз қисме аз ҳудуди Қарабоғи Куҳӣ ақибнишинӣ кард ва ҳафт ноҳияи дигарро, ки аз соли 1990 ғасб карда буд, ба ихтиёри Озарбойҷон баргардонид.

XS
SM
MD
LG