Ссылки доступа

Ҷониби айбдоркунанда ва ҳимоятгари Трамп далелҳояшонро ба Сенат пешниҳод карданд


Члены Палаты представителей доставляют документ об импичменте президента Трампа в Сенат

Аъзои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресси ИМА, ки эъломи изҳори нобоварӣ ба президенти пешин Доналд Трампро талаб доранд ва вакилони дифои Трамп рӯзи сешанбе далелҳои худро ба Сенат пешниҳод карданд.

Раванди эъломи изҳори нобоварӣ ба Доналд Трамп бояд 9 феврал дар Сенат оғоз шавад.

Намояндагони палатаи поёнии Конгресс Трампро дар таҳрик ба ошӯб айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, "таҳрик"-и Трамп сабаб шуд, ки гуруҳи тазоҳургарон 6 январ ба бинои Конгресс ҳамла ва талош карданд ҷаласаеро ба ҳам зананд, ки дар он натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико расман тасдиқ мешуд.

Вакилони дифои Трамп дар навбати худ мегӯянд, президенти пешин кушиши ба ҳам задани ҷаласаро надошт ва суханҳои ӯ дар ҷараёни тазоҳурот дар бораи сохтакориҳо дар интихобот ҳаққи конститутсионии ӯ ба озодии баён буд. Далели асосии ҳимоятгарони Трамп ин аст, ки изҳори нобоварӣ ё импичменти президенти пешин ғайриконститутсионӣ аст.

Худи Маҷлиси намояндагони Конгресс 13 январ ба ҷонибдорӣ аз импичменти Трамп раъй дод, вале тасмими ниҳоиро дар ин замина Сенат баъди гузаронидани баҳси додгоҳӣ хоҳад гирифт. Барои изҳори нобоварӣ ба президент бояд аз се ду ҳисаи аъзои Сенат раъй диҳанд.

XS
SM
MD
LG