Ссылки доступа

Блогери узбек баъди танқиди раиси вилоят боздошт шуд


 Отабек Саттори, блогер из Сурхандарьинской области Узбекистана.
Отабек Саттори, блогер из Сурхандарьинской области Узбекистана.

Блогер Отабек Сатторӣ аз вилояти Сурхандарёи Узбекистон, ки бо интиқодҳои худ аз мақомоти маҳаллӣ маъруф аст, боздошт шуд.

Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Узбекистон 1 феврал зидди Сатторӣ бо айби тамаъҷуӣ парванда боз кардааст. Вале наздикони блогер мегӯянд, парванда сохтааст.

Хоҳари блогер Фарангис Олимова хабар дод, ки бародарашро 29 январ кормандони ҳифзи қонун дар либоси мулкӣ омада, аз хонаашон бо худ бурданд. Сатторӣ гӯиё ба тамаъҷуии нақдина ва телефони мобилӣ аз афроди ношинос айбдор мешавад.

Додгоҳи шаҳри Тирмиз низ 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кардааст.

Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG