Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон номзадии Улуғбек Мариповро ба мақоми сарвазирӣ тасдиқ кард


Улуғбек Марипов
Улуғбек Марипов

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 3 феврал номзадии Улуғбек Мариповро ба мақоми сарвазирии ин кишвар тасдиқ карданд.

Бо қарори дигар порлумон барномаҳо, сохтор ва ҳайати ҳукумати Мариповро қабул кард.

Номзадии Мариповро ба мақоми сарвазирӣ ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Республика-Ота Журт" пешбарӣ кард. Соли 2016 вай раиси Палатаи ҳисоб буд ва то он замон дар дастгоҳи президенти Қирғизистон фаъолият мекард.

Бо ҳайати нави ҳукумат сохтори он низ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳукумати нав тасмим гирифтааст, ки теъдоди вазоратҳо, кумитаҳо ва оҷонсиҳоро аз 48 ба 12 кам кунад. Девони вазирони он кишвар ҳамакнун ҳамагӣ 16 узв дорад.

XS
SM
MD
LG