Ссылки доступа

Навбатпоии туркманистониҳо дар пушти дари фурӯшгоҳҳои холӣ


Дар вилояти Марии Туркманистон фурӯши нон бо шиноснома роҳандозӣ шуда, маҳсулотҳои дигар аз қабили орду равған ва тухмро дар бештари фурӯшгоҳҳо наметавон пайдо кард.

Дар ин вилоят ҳар рӯз садҳо одам дар пушти дари фурӯшгоҳҳо соатҳо навбат мепоянд, вале дар ниҳоят бо дастони холӣ ба хона бармегарданд. Фурӯшгоҳе, ки дар таҳхонаи "Бозори Сабз"-и Марӣ ҷойгир буд, маҳсулоти ғизоиро бо нархи давлатӣ мефурӯхт. Аммо ҳоло маҳсулоти мазкурро наметавон дар ин фурӯшгоҳ низ пайдо кард.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, сокинони маҳаллӣ аз соати 4-и субҳ то наздикиҳои шом дар пушти дари фурӯшгоҳи "Бозори сабз" навбат меистанд. Рӯзҳои ахир шумори навбатпоён ба беш аз 100 расидааст. Дар ҳоле ки рӯзҳои истироҳат теъдоди онҳо 70-80 кас буд.

​Мардум сарфи назар аз он ки як қатор маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳи мазкур тамом шудааст, ҳар субҳ ба умеди харид бо нархи давлатӣ дар пушти дари он ҷамъ мешаванд.

Буҳрони тулонии иқтисодӣ ва норасоии маҳсулоти ғизоӣ дар Туркманистон дар пасманзари пандемияи коронавирус тақвият ёфтааст. Мардум барои хариди маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи давлатӣ, ки назар ба нархи бозор арзонтар аст, соатҳо дар пушти дари фурӯшгоҳҳо навбат меистанд.

XS
SM
MD
LG