Ссылки доступа

Дар соли гузашта бештар аз 23 ҳазор узбекистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд


Дар давраи вабои коронавирус Русия дар қабули шаҳрвандони нав рекорд гузоштааст.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2020 шаҳрвандии ин кишварро 656,3 ҳазор хориҷӣ дарёфт кардааст. Дар 15 соли охир ин болотарин нишондод аст.

Аз ин миён 23 300 шаҳрванди нави Русия зодагони Узбекистон ҳастанд.

Ба ин тартиб, 63,4 ҳазор зодагони Тоҷикистон, 43,4 ҳазор зодагони Қазоқистон, 30,5 ҳазор зодагони Арманистон, 22 ҳазор зодагони Озарбойҷон, 20 ҳазор зодагони Молдова, 12 ҳазор Қирғизистон ва 10 ҳазор Белорус ҳастанд.

Тибқи муқаррароти Узбекистон, ду шаҳрвандӣ иҷозат дода намешавад. Зодагони ин кишвар, ки мехоҳанд, шаҳрвандии кишвари дигарро дарёфт кунанд, бояд аз шаҳрвандии Узбекистон даст кашанд.

XS
SM
MD
LG