Ссылки доступа

Макс Бокаев баъди раҳоияш аз зиндон қазоқистониҳоро ба тазоҳурот даъват кард


Гражданский активист Макс Бокаев (второй слева) на площади Исатая и Махамбета с прибывшими поддержать его сторонниками после его освобождения из тюрьмы. Атырау, 4 февраля 2021 года.

Фаъоли мадании қазоқ Макс Бокаев 4 феврал аз зиндони шаҳри Атирауи ин кишвар озод шуд. Дар ин бора тавассути як пахши мустақим тариқи саҳифаи "Атажұрт Жастарӣ" дар Фейсбук хабар доданд.

Макс Бокаев дар хитоб ба фаъолоне, ки ба пешвози ӯ рафта буданд, гуфт, бидуни дастгирии мардум дар зиндон "мепӯсид". Вай дар назди дарвозаи зиндон даъват кард, ки аз 28 феврал то 28 марти соли равон рӯзҳои якшанбе бо талаби гузаронидани ислоҳот дар Қазоқистон тазоҳуроти умумимиллӣ баргузор карда шавад.

"Агар ҳукумат ба худ наояду сухани моро гуш надиҳад, дар майдонҳои кишвар хайма хоҳем зад", - афзуд ӯ.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Худи вай ин айбҳоро рад мекард ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меномиданд.

Муҳлати ҷазои ӯ моҳи 4 ферали соли 2021 ба поён расид. Бокаев пештар аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG