Ссылки доступа

Алмосбек Отамбоев то 7 апрел дар боздошт мемонад


Додгоҳе дар Қирғизистон муҳлати ҳабси муваққатии собиқ президенти ин кишвар, Алмосбек Отамбоевро то 7-уми апрели имсол дароз кард.

Замир Ҷоошев, вакили Отамбоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек рӯзи 4-уми феврал бори дигар талошҳоро барои интиқоли Отамбоеви 64-сола ба ҳабси хонагӣ рад кард.

Отамбоев моҳи июни соли 2020 барои нақшаш дар озод кардани як ҷинояткори бонуфуз ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи олӣ ин парвандаро барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳиявии Бишкек бозпас фиристод. Сабаби ин тасмим шарҳ дода намешавад. Отамбоев мегӯяд, ки гуноҳ надорад.

Баъд аз интихоботи порлумонии баҳсбарангез дар Қирғизистон, моҳи октябри соли 2020, вақте эътирозҳои сартосарӣ сар зад, Отамбоев аз зиндон озод карда шуд, аммо пас аз чаҳор рӯз бо иттиҳоми ташкили намоиши эътирозии ғайриқонунӣ дубора дастгир шуд.

Ӯ бори аввал моҳи августи соли 2019, баъд аз муқовимати дурӯзаи мусаллаҳона, ки миёни тарафдорони ӯву ходимони полис сар зад ва дар натиҷа як ходими амният кушта шуд, ба полис таслим шуд. Дар ин ҳодиса 170 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Президенти собиқ ва 13 нафари дигар дар куштор, сӯиқасд ба куштор, таҳдид ва ё озори намояндаи давлат, гаравгонгирӣ ва ғасби қудрат муттаҳам мешаванд. Ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ аз рӯйи ин қазия шуруъ нашудааст.

XS
SM
MD
LG