Ссылки доступа

Кӣ аз хориҷа ба муштариёни ширкати Babilon дар Тоҷикистон занг зад?


Даҳҳо муштарии ширкати Babilon дар Тоҷикистон шикоят карданд, ки субҳи 4-уми феврал пайиҳам аз шумораҳои ношинос ва аз хориҷ ба телефони онҳо занг омадааст.

Дар ширкат мушкилро тасдиқ карда гуфтанд, тамосҳо "спам" буда, аз сӯйи ҳакерон ё рахнагарони интернетӣ анҷом шудааст. Мутахассисон мепурсанд, агар дуздони интренетӣ занг задаанд, пас, рақами муштариён чӣ гуна ба дасти онҳо расидааст?

Чанде аз муштариёни ширкати Babilon рӯзи 4-уми феврал дар Фейсбук навиштанд, ки аз соати сеи субҳ то даҳи рӯз ба онҳо аз рақамҳои ношиноси хориҷӣ ва бо коди “+448”, “+336” ва “+370” занг омадааст.

Масъулони ширкати Babilon дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, зангҳо аз рақамҳои ношинос тақрибан ба ҳама муштариёни ширкат расидааст. Масъули дафтари матбуоти Babilon мегӯяд, зангҳо ҳеч рабте ба ширкат надоранд ва "спам" ҳастанд ва муштариён дар ҳеч сурат набояд ба зангҳо посух диҳанд ё баргашта бо онҳо тамос гиранд.

“Агар муштарӣ ба он зангҳо ҷавоб диҳад, маблағи зиёдаш меравад. Барои ҳамин, мутахассисони мо воридоти ин зангҳоро бастанд. Дар оянда муштариён бояд ба назар гиранд, ки вақте чунин зангҳо омад, ҷавоб надиҳанд. Агар ҷавоб диҳед, маблағи зиёдатон меравад”, -- гуфтанд дар ширкати Babilon.

Мутахассисони соҳаи мухобирот (коммуникатсия) мегӯянд, ҳадаф аз фиристодани занг аз сӯйи рахнагарони интерентӣ гуногун буда метавонад. Ба гуфтаи Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои навин, ба эҳтимоли зиёд мақсади асосӣ ба даст овардани пул аст.

Яке аз муштариёни Babilon мегӯяд, субҳи 4-уми феварл ба телефонаш ин зангҳо омад

Ба қавли ӯ, таърифа (тарофа)-и баъзе аз ширкатҳои мобилӣ дар хориҷ чунин аст, ки аз занги воридотӣ соҳиби рақам маблағ коор мекунад. “Вақте аз ин рақамҳо ба Шумо занг меояд ва муштарӣ баргашта ба он тамос мегирад, соҳибони рақам дар хориҷ маблағ ба даст меоранд”, -- гуфт Рустам Гулов.

Дар се моҳи охир бори дувум аст, ки ба муштариёни баъзе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аз рақамҳои ношинос зангу паёмак меояд. Пеш аз ин, дар моҳи декабри соли гузашта, барои садҳо соҳибони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаке ба зидди фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддин фиристода шуда буд.

Мухолифин паёмакро кори дасти мақомот донистанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт, масъалаи чӣ гуна фиристодани паёмакҳоро ба зидди як фаъоли мухолифин таҳқиқ доранд. Ҳоло ин суол дар миён гузошта шудааст, ки чӣ гуна шумораи муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба дасти шахсони ношинос расидааст?

Шумораҳоро аз куҷо ёфтаанд?

Ширкатҳои мобилӣ дар ин бора расман шарҳ надоданд. Мутахассиси як ширкати мобилӣ бе зикри номаш гуфт, системаи сохтаи рахнагарони интернетӣ чунин аст, ки ба ҳама муштариён ширкат занг мефиристанд.

Мутахассиси бахши фанновариҳо Рустам Гулов мегӯяд, чунин кор метавонад, аз чанд роҳ сурат гирад:

"Аввал, эҳтимол махзани ягонаи рақамҳои муштариёни ширкати мобилиро рахнагарон шикаста, шумораҳоро гирифтаанд. Дувум, рақами баъзе аз муштариёнро аз саҳифаи онҳо аз Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ гирифтаанд, лекин ин эҳтимол хеле заиф аст. Агар ба қисми зиёди муштариён зангҳои ношинос омадааст, пас, касе аз дохили ширкат ё аз мақомоте, ки ба махзани рақамҳои мобилӣ дастрасӣ дорад, рақамҳоро ба берун додааст. Ҳарду эҳтимол - шикастани махзани ягонаи рақамҳо ё фурӯхтани маълумоти махзан ба берун ҷой дорад."

Дар Тоҷикистон чаҳор ширкати калони мобилӣ фаъол ҳастанд. Тибқи маълумоти охири Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, наздик ба 5,5 миллион симкорти фаъол дар кишвар сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG