Ссылки доступа

Сокинони Туркманистон барои дарёфти воксини зидди COVID-19 корти электронии тиббӣ мегиранд


Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон барои дарёфти воксини зидди вабои коронавирус ба таври фаврӣ кортҳои электронии тиббӣ мегиранд.

Туркманистон расман ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро тасдиқ накардааст, аммо сарфи назар аз ин мақомот аз Русия воксини зидди коронавирус харидорӣ ва воксинзании сартосариро шуруъ кардаанд.

Ба иттилои мақомоти Туркманистон, дар навбати аввал афроди калонсол, кормандони солҳаи тиб, омӯзгорон ва афроде, ки бемориҳои музмин доранд воксини зидди коронавирус мегиранд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки рӯзи 3 феврал дар шаҳри Ишқободи Туркманистон воксинзании умумӣ шуруъ шуд. Мақомоти Туркманистон аз воксини русии "Спутник V" зидди коронавирус истифода мекунанд.

Дар он кишвар рӯзҳои ахир талабот ба риояи чораҳои муҳофизатӣ сахттар шудааст. Пулис ниқобпӯшии сокинонро дар кӯчаву бозорҳо ва фосилаи иҷтимоиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ назорат мекунад.

Рӯзи 18 январ Туркманистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, воксини русии "Sputnik V" сабт кард. Баъди 10 рӯз дувумин воксини русии зидди коронавирус "ЭпиВакКорона"-ро низ нахустин шуда дар дунё, сабт кард.

XS
SM
MD
LG