Ссылки доступа

Дипломатҳои ИА дар Москва мумкин аст, воксини русӣ бигиранд


Иттиҳоди Аврупо ба дипломатҳояш дар Москва иҷозат медиҳад, ки агар мехоҳанд, метавонанд воксини "Спутник V"-и зидди коронавирусро истифода кунанд.

Ҳарчанд ин воксини русӣ ҳанӯз аз сӯи мақомоти танзимгари соҳаи тибби Иттиҳоди Аврупо тасдиқ нашудааст.

Дар ин бора дар номаи дохилии ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Москва зикр шудааст.

Дар нома омадааст, ки мақомоти Русия омодаанд, кормандони корпурси дипломатиро воксин зананд.

Брюссел ҳоло барои гирифтани воксинҳои маҳаллии зидди коронавирус тавсия надодааст. Манобеъ ба расонаҳо гуфтаанд, ки мақомоти расмии Русия дар ҳар мавриди муносиб ба дипломатҳои аврупоӣ қатъиян пешниҳод мекунанд, ки воксини русӣ бигиранд.

Дар Аврупо айни замон ҳамагӣ се воксин сабт шудааст: Pfizer/BioNTech, Moderna ва AstraZeneca. Жосеп Боррел, сардори бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сафараш ба Москва гуфт, дар сурате, ки агар мутахассисон таъсирнокии воксини русиро тасдиқ кунанд, он метавонад, барои истифода дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо иҷоза дода шавад.

XS
SM
MD
LG