Ссылки доступа

Дар Бишкек бо талаби кушодани дари мактабу боғчаҳо гирдиҳамоӣ карданд


Рӯзи 4 феврал дар назди ҳукумати шаҳри Бишкеки Қирғизистон наздики 20 одам ҷамъ шуда, бо талаби кушодани дари мактабу боғчаҳо гирдиҳамоӣ карданд.

Гирдиҳамомадагон аз он изҳори норизоӣ карданд, ки дар Қирғизистон танҳо шаҳри Бишкек ба таҳсили фосилавӣ идома медиҳад, минтақаҳои дигар ба мактабу боғчаҳо баргаштаанд.

Айжан Чинибоева, ноиб-раиси шаҳри Бишкек мулоқот кард. Чинибоева гуфт, дар робита ба чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дарҳои мактабу боғчаҳо баста боқӣ мемонанд.

Вай афзуд, ба фарқ аз минтақаҳо дар шаҳри Бишкек хонанда зиёд аст ва ба ҳамин далел, хатар низ бештар аст. Муовини раиси шаҳри Бишкек илова кард, ки миёни волидан афроди зиёде низ ҳастанд, ки мехоҳанд, фарзандонашон таҳсили фосилавиро идома диҳанд.

"Бишкек наздики 200 ҳазор хонанда дорад, мактабҳо 211 дарсад пур шудаанд. Бале, марказҳои тиҷорӣ бозанд, аммо дар ин марказҳо якбора 200 ҳазор кас ҷамъ намешавад", - гуфт Чинибоева.

Дар Қирғизистон ҳанӯз дар моҳи марти соли 2020 дар робита ба паҳншавии коронавирус мактабҳо ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд. Соли таҳсили 2020/2021 низ бо таҳсили фосилавӣ идома дорад. Танҳо мактабҳое ба таҳсили анъанавӣ иҷозат дода шуданд, ки нисбатан хонандаи кам доранд.

XS
SM
MD
LG