Ссылки доступа

Раққосаи машҳури узбекистонӣ амрикоиҳоро рақси "Лазгӣ" меомӯзад


Муаллифи китоб дар бораи рақси қадимии "Лазгӣ", олим ва раққоса, артисти халқии Узбекистон, Гавҳар Матякубоваи 74-сола ба донишҷӯёни амрикоӣ тавассути интернет дарси хореография медиҳад.

Гавҳар Матякубова нақл кард, ки чи гуна донишҷӯёнаш аз вай хостанд, ба онҳо рақси "Лазгӣ" омӯзад.

"Чанд моҳ аст, ки ба онҳо дарси рақс медиҳам", - гуфт Гавҳар.

Рақси қадимии "Лазгӣ", ки дар Хоразм пайдо шудааст, шомили рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО аст.

Гавҳар Матякубова бо иҷрои рақси лазгӣ дар филми "Шоир Комилҷон Отаниёзов" дар соли 1967 якшаба ба ситораи рақси Осиёи Марказӣ табдил шуд.

XS
SM
MD
LG