Таркиш дар ошёнаи севум ба амал омада, дар натиҷа 12 кас осеб дидаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст.
Ҳамаи захмиҳо дар беморхона бистарӣ шуда, вазъи бархе аз онҳо вазнин гуфта мешавад.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои зидди сӯхтор, ки оқибатҳои ногуворро дар пай дорад" парванда боз шудааст. Тафтиши ҳодиса таҳти назорати додситонии вилояти Бухоро қарор дорад.