Ссылки доступа

Қирғизистону Узбекистон мехоҳанд, марзи боқимондаро зудтар мушаххас ва аломатгузорӣ кунанд


Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо ҳамтои узбекистониаш Абдулло Орипов мулоқот кард. Яке аз мавзуҳои гуфтугӯ мушаххассозӣ ва аломатгузории марзи ду кишвар буд.

Аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ки ҷонибҳо мехоҳанд, ҳар чи зудтар марзи боқимондаи ду кишвар мушаххас ва аломатгузорӣ карда шавад.

Дарозии мари Узбекистон бо Қирғизистон 1378 километрро ташкил медиҳад. Аз ин андоза 1170 км ё 85 фоизаш аломатгузорӣ шудааст. Байни ду кишвар 9 қитъаи баҳсӣ мавҷуд аст, ки гоҳ-гоҳе боиси низоъ байни сокинони наздимарзии ду кишвар мешавад.

Ба иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар соли 2020 байни сокинони ду кишвар 3 ҳолати низоъ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG