Ссылки доступа

Дар соҳили туркмании баҳри Каспий ҳазорон моҳии мурда ва садҳо тюлен пайдо карданд


Дар соҳили туркманистонии баҳри Каспий ахиран ҳазорон моҳии мурда ва садҳо тюлен ё саги обии мурда пайдо шуд.

"Дар соҳили баҳри Каспий дар наздикии шаҳрҳои Туркманбошӣ ва Киянлии Туркманистон моҳи декабри соли 2020 моҳиҳои мурда ва сагҳои обии мурда пайдо шуд", - гуфт як манбаъ аз мақомоти марзбонии Туркманистон.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Туркманистон мехоҳанд, ин ҳодисаро пинҳон нигаҳ доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар соҳили баҳри Каспий дар ҷумҳурии Доғистони Русия низ моҳи декбари соли 2020 наздики 300 саги обии мурда пайдо шуда буд.

Олимон дар пайи муайян кардани сабабҳои ин талафот ҳастанд.

Сагҳои обии баҳри Каспий ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи муҳити зист, инчунин ба Китоби сурхи Туркманистон ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG