Ссылки доступа

Роҳпаймоӣ бо талаби волоияти қонун дар шаҳри Бишкек


Участники марша «За законность!», 7 февраля 2021 г. Фото организаторов.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 7 феврал роҳпаймоии осоишта таҳти унвони "Барои қонуният" баргузор шуд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони роҳпаймоӣ, дар он ҳудуди 40 нафар иштирок кард. Онҳо чун анъана нисфирӯзии 7 феврал дар назди истгоҳи роҳи оҳан ҷамъ шуда, тариқи хиёбони Эркиндик то майдони марказии "Ала-Тоо" роҳпаймоӣ карданд.

Роҳпаймоён аз мақомот решакан кардани коррупсия ва барқарорсозии волоияти қонун дар Қирғизистонро талаб карданд. Дар дасти иштирокдорони роҳпаймоӣ акси Конститутсияи Қирғизистон ва шиорҳои дигари даъваткунанда ба риояи ҳуқуқи инсон буд.

Дастгоҳи президент ва ҳукумати Қирғизистон то тҳол талаби роҳпаймоёнро шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG