Ссылки доступа

Туркманистон "Толибон"-ро ба Ишқобод даъват ва амнияти тарҳҳояшро баррасӣ кардааст


Ҳайати гуруҳи "Толибон" ба раҳбарии мулло Абдулғанӣ Бародар бо даъвати ҷониби Ишқобод аз Туркманистон боздид кардааст.

Ба огаҳии сомонаи Вазорати умури хориҷии Туркманистон, 6 феврал дар бинои вазорат мулоқоти намояндагони ин ниҳод бо ҳайати гуруҳи "Толибон" баргузор шудааст.

Намояндаи "Толибон" дар Қатар Муҳаммад Наим дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ин сафар бо дархости ҷониби Туркманистон анҷом шудааст. "Дар ҷараёни сафар мулло Абдулғанӣ бо муовини сарвазир ва вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтугӯ кард", - изҳор дошт Наим.

Расонаҳои афғонӣ менависанд, намояндагони Толибон ваъда додаанд, ки ба тарҳои зербиноии Туркманистон дар Афғонистон хатаре эҷод нахоҳанд кард. Пештар нозирони умур гуфтанд, яке аз мушкили асосии Ишқобод дар доираи тарҳи интиқоли гази туркманӣ тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳиндустон масъалаи таъмини амният аст.

Намояндаи дафтари сиёсии "Толибон" Муҳаммад Суҳайл Шоҳин дар ҳамоиши Ишқобод гуфтааст, ҳаракати онҳо аз иҷро ва таъмини амнияти тарҳҳои зербиноии Туркманистон дар Афғонистон ҷонибдорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG