Ссылки доступа

Дар Доғистон низомиёни Росгвардия раиси маҳалларо куштанд


Дар Доғистон ду низомии Горди миллии Русия (Росгвардия)-ро боздошт карданд, ки дар куштори як сокини 34-солаи маҳаллӣ гумонбаранд. Ӯро дар яке аз утоқҳои шуъбаи пулиси ноҳияи Советскийи Махачкала парондаанд.

Ба иттилои расонаҳо, шахси кушташуда раиси маҳаллаи Новокули ноҳияи Новолакский Абакар Капланов аст. Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки Капланов бинобар "муносибатҳои душманонаи пешин" кушта шудааст. Расонаи "Кавказский узел" навиштааст, ки эҳтимол дорад, сабаби низоъ баҳси замин бошад.

Нашрияи доғистонии "Черновик" менависад, Каплановро бародарони дугоник Қурбоновҳо, ки дар Горди миллии Русия хидмат мекунанд, куштанд. Онҳо ба бадани Капланов беш аз 30 тир кушодаанд.

Баъди куштор беш аз 300 хешу пайванди раиси кушташудаи маҳаллаи Новокул дар назди идораи пулиси Новолакский ҷамъ шуданд. Вазири умури дохилии Доғистон Магомед Абдурашидов барои ором кардани таҷаммуъгарон ба маҳалли ҳодиса рафтааст.

XS
SM
MD
LG