Ссылки доступа

Нафткашҳои Қазоқистон боло бурдани маошро талаб доранд


Ҳудуди 60 корманди ширкати "Сагиз петролеум" 8 феврал дар назди коргоҳи ширкат дар шаҳри Атирауи Қазоқистон бо талаби баланд бардоштани маош ҷамъ шуданд.

Кормандони ҷамъшуда, ки бо коркарди конҳои нафт дар вилоятҳои Атирау ва Оқтеппаи Қазоқистон машғул ҳастанд, гуфтанд, зери номаи онҳо ба унвонии раҳбарияти ширкат 188 кас имзо гузошта, танҳо наздики 60 каси он тавонистанд ба назди коргоҳ раванд.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони "Сагиз петролеум" ба ҳисоби миёна аз 90 то 160 ҳазор танга (тақрибан 210-370 долар) моҳона мегиранд.

"Маоши ман 145 ҳазор танга аст. Бо пардохти зистмуҳитӣ 160-170 ҳазор танга мешавад. Фарзандон боғча мераванд, аз бонк қарздор ҳастам ва нархҳо низ рӯз то рӯз боло мераванд. Маош намерасад. Мо аллакай се сол мешавад, ки боло бурдани маошро талаб мекунем. Аз соли 2018 то ба ҳол танҳо як бор маошро бардоштанд ва он ҳам дар ҳаҷми 7 дарсад", - изҳор дошт яке аз кормандони норозӣ бо номи Куаниш Женсикбаев.

Раҳбарияти ширкат ваъда додааст, ки масъалаи боло бурдани маошро дар давоми 2 моҳ баррасӣ хоҳад кард. Вале кормандон мегӯянд, танҳо як моҳ мунтазир хоҳанд монд.

Ширкати "Сагиз петролеум" чанд кони нафтро дар Қазоқистон истихроҷ мекунад. Рӯзи душанбе кормандон аз конҳои "Каганай", "Таскудик", "Ашикол", "Шокат-Дулат" ҷамъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG