Ссылки доступа

"Амонатбонк" гуфт, камбуди молӣ дар ин бонкро аудити дохилӣ ошкор кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб


Масъулини "Амонатбонк" гуфтанд, ки камбуди маблағҳо дар ин бонкро аудити дохилӣ маълум кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб.

Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "аудити дохилии бонк ин маблағҳоро ошкор намуд ва ба мақомоти Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи генералӣ пешниҳод кард".

Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми зарари молиявиро зикр накард, вале афзуд, ки он маблағҳо як дарсади дороиҳои бонкро ташкил намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, то 31-уми декабри соли гузашта дороиҳои ин бонк 4,9 миллиард сомонӣ будааст.

Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст, ки маблағҳо аз кадом роҳ аз худ карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Палати ҳисоб мегӯянд, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст.

Мақомоти Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи "Амонатбонк", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рост меояд ва ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.

Ба гуфтаи мақомот, мудири шӯъба, сармуҳосиб ва хазинадори намояндаии шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе ҳоло дар боздошт қарор доранд ва парвандаи онҳо аз сӯи додситонӣ тафтиш мешавад.

Раиси "Амонтабонк" ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми феврал гуфт, ки ба ҷуз ин се нафар, нисбати як корманди идораи марказии ин бонк низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзуд, ки парвандаи ин корманд дар дасти мақомоти тафтишотӣ аст. Ӯ дар дар ин робита тафсилоти бештар надод.

"Амонатбонк"-ро дар гузашта ҳам барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи соли 2019 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баъзе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард.

Пештар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст.

XS
SM
MD
LG