Ссылки доступа

Сенат импичменти Трампро дар як мурофиа баррасӣ мекунад


Ҳафтаи ҷорӣ дар Сенат мурофиаи дуюми Доналд Трамп дар заминаи импичмент баргузор мешавад. Интизор ин аст, ки ҷумҳурихоҳҳои Сенат намегузоранд, ки дар ниҳоят Трамп маҳкум шавад, вале мероси таърихии ӯ хеле осеб мебинад.

Ҷараёни мурофиаи импичменти президенти собиқ 9-уми феврал бо ширкати 100 сенатор баргузор мешавад. Мавзӯи асосии мавриди муҳокима - нақши Трамп дар таҳрик додани издиҳоми мардум барои шӯриш ва ҳамла ба бинои Капитол дар таърихи 6-уми январ мебошад. Ин ҳамла, ки 5 кушта бар ҷо гузошт, дар соатҳое рух дод, ки Сенат дар як ҷаласаи расмӣ натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020-ро, ки бо пирӯзии Ҷо Байден анҷомид, тасдиқ мекард.

Пурсиши ABC News/Ipsos дар рӯзи 7-ми феврал нишон медиҳад, ки 56 дарсади амрикоиҳо, яъне аксарият, тарафдори маҳкум кардани Трамп ва манъ кардани ӯ аз ҳақи пешбарӣ шудан ба мақоми президентӣ мебошанд.

Вале барои маҳкум кардани Трамп ба иловаи 50 сенатори узви ҳизби демократӣ дастикам 17 ҷумҳурихоҳ ҳам зарур аст, вале эҳтимол аст, ки чунин пуштибонӣ ба даст ояд. Демократҳо дар ин муҳокимаҳо талош мекунанд исбот кунанд, ки давоми ҳафтаҳои тӯлонӣ рад кардани натиҷаҳои интихобот ва изҳориназарҳои Трамп боиси таҳрик ба ошӯби хушунатбор ба бинои Конгресс шуд. Муҳокимаҳоро дар телевизион ҳам намоиш хоҳанд дод ва шаҳрвандони дигари Амрико ҳам метавонанд онро пайгирӣ кунанд.

Дар ҳоле, ки ҷумҳурихоҳҳои зиёд рафтори Трампро дар Капитол маҳкум карданд, танҳо чанд нафари онҳо омода шуд, ки ин шахсияти пуртарафдор дар ҳизбро муҷозот кунанд.

XS
SM
MD
LG