Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони "Биккор" баъди талаби маоши бештар ихроҷ шуданд


Беш аз даҳ корманди пешини ширкати "Биккор" 8 феврал ба нишони эътироз дар назди коргоҳи ширкат дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон ҷамъ омада, гуфтанд, ғайриқонунӣ аз кор ихроҷ карда шудаанд.

Ба гуфтаи таҷаммуъгарон, онҳо, ки дар ҳудуди кони нафти Жанажоли ноҳияи Муғалжари Оқтеппа кор мекарданд, баъди эъломи корпартоӣ бо талаби маоши бештар дар ибтидои моҳи феврал аз кор ихроҷ шудаанд.

"Аз тарафи нозироти меҳнат ҳеч кумаке карда намешавад. Мегӯянд, расман шикоят кунед, баррасӣ мекунем. Бовар надорем, ки онҳо низ қазияро мушикофона баррасӣ кунанд. Зеро ҳоло ба ҳукумат боварӣ нест", - гуфт яке аз ҷамъшудаҳо бо номи Нурҷон Шамшиев.

Пештар раҳбарияти "Биккор" гуфта буд, онҳое, ки масъули тозагӣ дар ҳудуди кон ҳастанд, маоши баробар бо нафткашҳоро талаб доранд. Ба гуфтаи раҳбарияти ширкат, иҷрои ин талаб "номумкин" аст, вале барои ҳалли мушкил тамоми талошро хоҳанд кард. Дар ҳукумати Оқтеппа гуфтанд, ки онҳо ҳаққи дахолат миёни корфармо ва коргарро дар масъалаи боло бурдани маош надоранд.

Кормандони "Биккор" 2 феврали соли равон бо талаби боло бурдани маошашон корпартоӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG