Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 28 кудак бо нишонаҳои Кавасакӣ бистарӣ шудаанд


Сардори Маркази миллии муҳофизат аз модару кӯдак дар Қирғизистон Қамчибек Узакбоев 8 феврал гуфт, дар ин кишвар 28 кудак бо гумони гирифторӣ ба бемории Кавасакӣ бистарӣ карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ташхиси синдроми Кавасакӣ дар 15 кудаки мазкур тасдиқи худро ёфтааст. "Мутаассифона ҳастанд, кӯдаконе, ки тобистон коронавирусро бидуни нишона гузаронидаанд ва бо расидани фасли сармо дар онҳо нишонаҳои баъдивирусӣ пайдо мешавад. Дар миёни онҳо кудаконе низ мебошанд, ки нишонаҳои Кавасакиро доранд. Саломатии ҳамаи онҳо рӯ ба беҳбудӣ меоварад", - изҳор дошт вай.

Дар Қирғизистон то 9 феврал ба беш аз 150 кудак ташхиси илтиҳоби шуш гузошта шудааст. Вазъи зиёда аз 20 тани онҳо вазнин аст.

Бемории Кавасакӣ илтиҳоби рагҳо аст, ки боиси танг шудани онҳо ва нарасидани хун ба аъзои ҳаётӣ мешавад. Бештар ба он кӯдакони то 5-сола мубтало мешаванд.

XS
SM
MD
LG