Ссылки доступа

Президенти Узбекистон санаи баргузории интихоботи порлумониро тағйир дод


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 8 феврал қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои ин кишварро имзо кард.

Бар асоси ин қонун, интихоботи вакилони Палатаи қонунгузори Маҷлиси олӣ, маҷлиси Қарақалпоқистон, маҷлисҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар Узбекистон рӯзи якшанбеи аввали даҳаи охири моҳи октябри соли равон баргузор карда хоҳад шуд.

Ҳаминтариқ интихоботи порлумонии Узбекистон 24 октябри имсол баргузор мешавад. Дар гузашта интихоботҳои президентӣ, порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии Узбекистон якшанбеи якуми даҳаи севуми моҳи декабр баргузор мешуданд.

Интихоботи ахири президентии Узбекистон 4 декабри соли 2016 баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG