Ссылки доступа

СҶТ: Гумон аст, ки коронавирус аз озмоишгоҳи чинӣ ба инсон сироят карда бошад


Гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, таҳқиқи якмоҳаи онҳо нишон дод, ки ба эҳтимоли ғолиб, фарзияи аз як озмоишгоҳи чинӣ ба инсон сироят кардани коронавирус асос надорад.

Питер Бен Эмбарек, як коршиноси СҶТ дар нишасти матбуотии рӯзи 9 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин гуфт, дар паи як моҳи таҳқиқу омӯзишҳои коршиносони ин созмон ба чунин натиҷа омадаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб, коронавируси нав на аз дохили озмоишгоҳ ё лаборатория берун шуда ба инсон сироят кардааст, балки аз ҷонваре ба инсон гузаштааст.

Айни замон, ба таъкиди ин муҳаққиқ, ин масъала ҳамоно таҳқиқу омӯзиши бештарро тақозо мекунад. Аввалин ҳолатҳои олудашавӣ ба коронавирус декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд ва ҳоло тими мутахассисони СММ барои омӯзиши табиати вируси кушанда дар ин шаҳр қарор доранд.

Як фарзияи аввалияи дигар ҳам ин буд, ки эҳтимолан вируси нав аз ҷонваре дар бозори молфурӯшии Вуҳан ба инсон сироят кардааст. Вале ҳоло коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад вирус дар молбозор пайдо нашуда, балки дар он ҷо густариш пайдо кард. Ин фарзия низ ҳанӯз бепосух мемонад, ки агар аз ҷонвар ба инсон гузашта бошад, пас он ҷонвар кӯршапарак аст ё на. Коронавируси нав ё COVID-19 дар беш аз як соли пайдо ва паҳн шуданаш дар саросари олам боиси марги 2,3 миллион нафар гардид.

XS
SM
MD
LG