Ссылки доступа

Тарҳи Конститутсияи нави Қирғизистон нашр шуд


Дар сомонаи порлумони Қирғизистон тарҳи Конститутсияи нави ин кишвар нашр шуд.

Рӯзи 17 декабри соли 2020 тарҳи қонун "Дар бораи таъйини раъйпурсӣ оид ба қабули тарҳи қонун "Дар бораи Конститутсияи Қирғизистон" ба баррасии умум гузошта шуд. Ин ташаббус аз сӯи 80 вакили порлумон рӯи даст гирифта шуда буд. Акнун дар ҳамон суроғаи сомонаи порлумони Қирғизистон тарҳи нави Конститутсия нашр шудааст. Ин тарҳ аз сӯи Шӯрои конститутсионӣ таҳия гардидааст.

Баъди ба баррасии умум гузошта шудани тарҳи нави Конститутсия дар моҳи ноябри соли 2020 Шӯрои конститутсионӣ ташкил шуд, ки он моҳи январи соли ҷорӣ тарҳи нави Конститутсияро қабул ва ба порлумон ирсол кард.

Дар тарҳи нав салоҳиятҳои президент густардатар шудаанд: президент ҳукумати иҷроияро роҳбарӣ мекунад, ҳайат ва сохтори девони вазиронро муайян месозад, дастгоҳи президент ва Шӯрои амниятро ташкил ва роҳбарӣ мекунад.

Баъди баррасӣ ва қабули тарҳи нави Конститутсия аз сӯи порлумон, он ба раъйпурсии умумӣ гузошта мешавад.

Фаъолони шаҳрвандӣ мегӯянд, тартиби баррасӣ ва қабули тарҳи нави Конститутсия риоят намешавад.

XS
SM
MD
LG