Ссылки доступа

Вазири энержии Узбекистон гуфт, чаро дар ин кишвар гази табиӣ барои аҳолӣ намерасад


Дар мусоҳиба бо "Садои Амрико" вазири энержии Узбекистон Алишер Султонов гуфт, гази табииие, ки дар ин кишвар истихроҷ мешавад, "се Узбекистонро метавонад таъмин кунад".

Ба гуфтаи вазир, Узбекистон бо 35 миллион аҳолиаш дар сол 45 млрд метри мукааб газ истифода мекунад, дар ҳоле, ки Туркия бо аҳолии 95-миллионӣ ва иқтисоди рушдкардааш низ ҳамин миқдор истифода мекунад.

Алишер Султонов гуфт, ҳатто агар ба бархе аз навоҳии Узбекистон лӯла гузаронида шавад, фишори газ то ҳадди лозимӣ нахоҳад буд.

Вазир норасоии газро дар манзили сокинон "мушкили бунёдӣ" унвон кард, ки ба иқтисоду фарҳангу ахлоқ тавъам аст. "Аз ҳамин хотир самаранокии энержӣ дар солҳои наздик ба шиор табдил шавад. Ислоҳоти асосӣ - ин сарфаи энержӣ аст", - гуфт вазири энержии Узбекистон.

Ба гуфтаи Султонов, дар ҳар хона бояд волидон аз синни хурдӣ кӯдаконро ба сарфаи обу барқу газ одат диҳанд. Вазир мегӯяд, 70 дарсади корхонаву муассисаҳои Узбекистон дастгоҳҳое доранд, ки энержии зиёд талаб мекунанд. Агар сокинону соҳибони корхонаҳо дастгоҳҳои камхарҷ истифода кунанд, талабот ба энержӣ дар Узбекистон 3-4 маротиба коҳиш хоҳад ёфт, гуфт вазир.

XS
SM
MD
LG