Ссылки доступа

Муфтии Қирғизистон истеъфо дод - муфтиётро дар фасодкорӣ айбдор мекунанд


Муфтии Қирғизистон Максадбек ажи Токтомушев рӯзи 10 феврал аризаи истеъфояшро навишт. Дар ин бора сомонаи Идораи маънавии мусалмонони (ИММ) Қирғизистон хабар дод.

Ин сомонаи ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар бораи сармуҳосиби ИММ баъди қарори додгоҳ хабар медиҳад.

Пештар аз ин сармуҳосиби ИММ ҳангоми додани пора дар ҳаҷми калон, аз сӯи мақомоти интизомии Қирғизистон боздошт шуд. Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, роҳбарияти муфтиёт маблағҳое, ки сокинон барои адои ҳаҷ ба идораи муфтиёт медоданд, ба муассисаҳои молӣ дода, баҳра ё фоиз мегирифтаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки баъди ошкор шудани ин фасодкорӣ, роҳбарияти муфтиёт ба кормандони қудратӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар пора пешниҳод кардааст.

Максат ажы Токтомушев 4 марта 2017 года был повторно избран на должность муфтия Кыргызстана. Срок его полномочий должен был завершиться 4 марта 2021 года.

Мақсад ажи Токтомушев 4 марти соли 2017 такроран муфтии Қирғизистон интихоб шуда буд. Муҳлати ваколатҳои ӯ 4 марти соли ҷорӣ ба поён мерасид.

XS
SM
MD
LG