Ссылки доступа

Сенаторҳои Амрико: раванди импичменти Трамп конститутсионист


Заседание Сената

Сенати ИМА бо аксари оро раванди изҳори нобоварӣ ба президенти пешин Доналд Трампро мувофиқ ба Конститутсияи ин кишвар номид. Ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим 56 сенатор, аз ҷумла 6 намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ райъ дод.

Маҷлиси намояндагони ИМА қатъномаи изҳори нобоварӣ ё импичменти Трампро 20 январ, чанд рӯз пеш аз рафтани ӯ аз мақоми президентӣ қабул ва ӯро дар "таҳриқ ба ошӯб" айбдор кард. Ба гуфтаи намояндагони маҷлис, эътироф нашудни натиҷаҳои интихобот аз сӯи Трамп ва суханҳои ӯ боиси ҳамла ба бинои Конгресс ва кушта шудани 6 нафар гаштааст.

Аммо вакилони дифои Трамп бар инанд, ки Сенат салоҳияти гузаронидани баҳсҳои додгоҳӣ дар робита ба изҳори нобоварӣ ба президенти пешини Амрикоро надорад. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, суханронии Трамп дар бораи натиҷаҳои интихобот ҳаққи конститутсионии ӯ буд.

Трамп дар сурати импичмент шудан аз имтиёзҳое маҳрум хоҳад шуд, ки барои президентҳои пешин пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин дигар ҳаққи пешбарии номзадияшро ба мақоми президентии Амрико надорад.

Барои изҳори нобоварӣ ба Доналд Трамп ба иловаи 50 сенатори узви ҳизби демократӣ дастикам 17 ҷумҳурихоҳ ё ҳамҳизби Трамп ҳам зарур аст, вале эҳтимол аст, ки чунин пуштибонӣ ба даст ояд.

XS
SM
MD
LG