Ссылки доступа

Истеҳсолгарони қазоқ нархи ваксинаи русиро ошкор намекунанд


Раҳбарияти Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба суоли рӯзноманигорон посух надод, ки корхонаи зери раҳбарияш барои истеҳсол ва интиқоли ваксинаи русии зидди коронавирус "Спутник V" чи қадар маблағ дарёфт мекунад.

Намояндагони расонаҳои Қазоқистон 9 феврал дар як чорабинӣ аз раҳбарияти Маҷмааи дорусии Қарағанда пурсиданд, ки ваксинаи русии истеҳсолшаванда дар ин вилоят чи қадар арзиш дорад.

"Миёни Вазорати тандурустии Қазоқистон ва Бунёди сармояҳои бевоситаи Русия созиши байниҳукуматӣ имзо шудааст. Онҷо нархи ваксина муайян аст. Вале муҳим ин аст, ки президенти Қазоқистон гуфт, ваксина ройгон хоҳад буд. Бинобар ин, арзиши ваксина барои шахсоне, ки онро дарёфт мекунанд, муҳим нахоҳад буд", - изҳор дошт ҳаммуассиси Маҷмааи дорусозии Қарағанда Кайрат Боранбаев.

Раҳбари маҷмаа аз рӯзноманигорон хост, барои муайян кардани нархи ваксинаи русӣ ба Вазорати тандурустии Қазоқистон муроҷиат кунанд. Ӯ афзуд, ки истеҳсоли ваксина як "тарҳи иҷтимоӣ" аст.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст. Дар Қарағанда қарор аст, тадриҷан ду миллион моя ваксина истеҳсол шавад.

XS
SM
MD
LG