Ссылки доступа

Тоҷикистон ба баҳсҳои марбути обанбори Торткул вокуниш кард


Маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти ин ниҳодро нашр кард, ки ба баҳсҳои обанбори Торткул, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон марбут аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ёдрас кардааст, ки муайянсозӣ ва аломатгузории марзи ду кишвар ҳанӯз ба поён нарасидааст. Гуфтугӯҳои ҳайати ҳукуматҳои ду кишвар дар ин робита идома дорад.

"Қитъаи марзие, ки обанбор онҷо ҷойгир аст, то анҷоми раванди муайянсозӣ ва аломатгузории марз тақсимнашуда ба ҳисоб меравад. Айни замон дар бораи ба як ҷониб додани қитъаи баҳсие гуфтугӯе сурат нагирифтааст. Вазорат аз фаъолони сиёсии кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки ҳангоми изҳори назарҳо ва мавқеъгириҳо дар робита ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро паҳн кардани иттилои носанҷида метавонад, боиси нооромии вазъ дар марз гардад", - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Рӯзи 3 феврал сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов ҳангоми суҳбат дар порлумони он кишвар гуфт, канале, ки обанбори Торкулро бо об таъмин мекунад, ба ҷониби Тоҷикистон дода шудааст. Баъдтар ҳукумати он кишвар суханҳои Мариповро рад кард.

Обанбори Торткул дар вилояти Бодканди Қирғизистон ягона обанбор аст.

XS
SM
MD
LG