Ссылки доступа

Пулиси Тошканд "амалиёти зидди риш" дар бозори "Малика"-ро рад кард


Ташкентский предприниматель Джамолиддин Мухаммаджон, которого в августе 2019 года насильно заставили сбрить бороду.

Раёсати пулиси шаҳри Тошканд хабарҳо дар бораи "амалиёти зидди риш" дар яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Узбекистон - "Малика"-ро рад кард.

"Пештар дар ин бозор дар доираи парвандаи дуздие амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда буд. Шахсони алоҳидае, ки дар ин бозор ба таври расмӣ ё ғайриқонунӣ кор мекарданд, дар қонуншиканиҳои гуногун даст доштанд. Вале хабарҳо дар бораи он ки риши бархе аз онҳоро иҷборан тарошида бошанд, ҳақиқат надоранд", - изҳор дошт сухангӯи пулиси Тошканд Ирина Сайфутдинова.

Вале чандин тоҷири бозори "Малика" 9 ферал ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки маъмурони пулис дар доираи "корҳои фаҳмондадиҳӣ" дар бозор онҳоро ба гирифтани ришашон маҷбур карданд.

Яке аз соҳибкорон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ӯро 5 феврал ба маъмурияти бозори "Малика" даъват карда, маҷбур намуданд, ки ришашро тарошад.

"Он рӯз ҳамаи тоҷиронро бо баҳонаи надоштани ниқоб ба бинои маъмурият бурда, бо онҳо "суҳбат" карданд. Кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва пулиси Тошканд низ дар онҷо буданд. Онҳо ба тоҷирон "гуфтанд, ки ё бо хоҳиши худ ришатонро мегиред ё мо худамон ин корро мекунем", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Хабари баргузории вохӯрии намояндагони мақомоти қудратии Тошканд бо тоҷирони ришдорро дар бозори "Малика" чанд соҳибкори дигари бозор тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG