Ссылки доступа

Интихоби шаҳрдори Бишкек баҳсбарангез шуд


Ҳудуди 30 нафар дар назди бинои шаҳрдории Бишкек ҷамъ шуда, талаб доранд, ки иҷрокунандаи ваизифаҳои раиси пойтахти Қирғизистон шахси дигар таъйин шавад.

Онҳо дар даст шиоре доранд, ки дар он навишта шудааст: "Руслан Тагаев шахси арзанда аст".

Иҷрокунандаи вазифаҳои шаҳрдори Бишкек 9 феврал Эрмек Нургазиев таъйин шуд. Ӯ дар гузашта мудири кулли ширкати сохтмонии "Эмма строй" буд. Ин таъйинот баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овард. Сокинони Қирғизистон гуфтанд, Нургазиев дар як ҳамоиши эътирозӣ бар сари зане даст бардоштааст.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов субҳи 10 феврал Нургазиевро аз мақом барканор карда, раиси пешини вилояти Чӯй Бактибек Кудайбергановро иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдор таъйин кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ соли 2018 таҳқиқотеро дар бораи қаллобиҳо дар тиҷорати сохтмон нашр кард. Дар он номи Нургазиев низ омада буд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дертар дар Инстаграм навишт, ки шаҳрдори Бишкек наметавонад шахсе таъйин шавад, ки номаш дар ҳолатҳои авбошӣ ва баҳсҳои дороӣ зикр шудааст.

Дертар сухангӯи Ҷабборов - Галина Байтерек гуфт, президенти Қирғизистон дар Инстаграм назари шахсии худро баён кардааст ва тасмими ниҳоӣ дар бораи таъйини шарҳдорро сарвазир мегирад.

XS
SM
MD
LG