Ссылки доступа

Ҳукумати Узбекистон дар Қарақалпоқистон мамнуъгоҳи нав таъсис дод


Озеро Судочье в Муйнаке
Озеро Судочье в Муйнаке

Дар ноҳияи Муйноқи Қарақалпоқистон бо қарори ҳукумати Узбекистон мамнуъгоҳи нави давлатӣ бо номи "Судоче-Акпеткӣ" таъсис дода шуд.

Ба огаҳии Кумитаи давлатии муҳити зисти Узбекистон, масоҳати мамнуъгоҳ 280 507 ҳектар замин буда, ҳадафи он ҳифзи манзараҳои соҳилӣ, паррандаҳои обӣ, намудҳои нодиру нобудшавандаи моҳӣ, паррандаҳои чанголдор ва ҳайвонҳои ширхӯр аст.

Тибқи омори кумита, дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 6 мамнуъгоҳи давлатӣ, 6 боғи табиӣ, 1 боғи миллӣ, 11 ёдгории табиат ва 12 парваришгоҳи ҳайвону парандаҳои нодир фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG