Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон хост, фаъоли маданӣ Бокаев таҳти назорати маъмурӣ монад (видео)


Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Атирауи Қазоқистон дархости бекор кардани назорати маъмурии фаъоли маданӣ Макс Бокаевро рад кард.

Додгоҳи шаҳри Атирау бо дархости Департаменти иҷрои ҷазои вилояти Атирау қарор карда буд, ки Макс Бокаев баъди озод шуданаш аз зиндон се сол зери назорати маъмурӣ гирифта шавад.

Додраси парванда он замон дар шарҳи қарори худ гуфт, Бокаев, ки барои "экстремизм" зиндонӣ гашта буд, дар рафти адои муҳлати ҷазои худ "ислоҳ" нашудааст ва ӯ "қонуншиканиҳо"-еро низ анҷом додааст.​

Додрас Дина Тухфатова​ 10 феврал дар мурофиаи онлайнӣ гуфт, далелҳое, ки вакили дифои Бокаев барои бекор кардани назорати маъмурии шахси зери ҳимояаш пешниҳод кардааст, "ночизанд".

"Бокаев дар 8 ҳолат ба нақзи тартибот айбдор мешуд. Ду ҳолатро додситонии вилояти Қазоқистони Шимолӣ бекор кард. Ҳолатҳои дигар он қадар вазнин нестанд. Бинобар ин, барои таҳти назорати маъмурӣ гирифтани Бокаев асосе вуҷуд надорад", - изҳор дошт вакили дифои фаъоли мадании қазоқ Жанар Сундеткалиева.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Ӯ 4 феврали соли равон, баъди ба поён расидани муҳлати ҷазояш озод шуд.

XS
SM
MD
LG