Ссылки доступа

Дар Себистони Данғара "калонтарин корхонаи паррандапарварӣ" дар Осиёи Миёна сохта мешавад


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара калонтарин корхонаи паррандапарварӣ дар Осиёи Миёна сохта мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, ин корхона аз сӯи "Авеста групп" бунёд мешавад ва метавонад солона 5,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид кунад.

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯз 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар муқоиса бо чанд соли қабл миқдори корхонаҳои паррандапарварӣ бамаротиб зиёд шуда, ниёзи сокинон ба тухм ва гӯшти мурғ бароварда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қимати тухм дар кишвар назар ба солҳои гузашта хеле боло рафтааст ва ҳамакнун як дона тухм дар бозорҳои Душанбе аз 1,2 то 1,3 сомонӣ қимат дорад. Нархи гушти мурғи тавлидшуда дар дохил ва низ воридотӣ ҳам ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ гаронтар мебошад.

Соли 2018 раиси ҷумҳур ширкатҳоеро, ки ба воридоти таҷҳизот ва хӯроки парранда барои корхонаҳои паррандапарварӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод кард ва бинобар ин ба гуфтаи мақомот, соҳибкорон ба ин бахши иқтисодиёт рӯй оварда. Ҳоло дар Тоҷикистон 181 корхонаи паррандапарварӣ ба нигоҳубини ҳудуди 9 миллион мурғ машғуланд.

Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта корхонаҳои паррандапарвии кишвар дар маҷмӯъ 30,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд, ки нисбати як соли пеш 1,9 баробар бештар будааст. Ба гуфтаи Сулаймон Зиёзода, ин амр мусоидат кардааст, ки ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо як соли пеш 16 ҳазор тонна камтар шудааст.

Вай афзуд, ки соли гузашта корхонаҳои мурғпарварӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 983 миллиона дона тухми мурғ тавлид кардаанд. Аммо, ба гуфтаи вазири кишоварзӣ тавлиди як миллиарду 600 миллиона дона тухм ниёзи пурраи сокинони Тоҷикистон ба ин навъи ғизоро бароварда мекардааст.

Ҳамакнун корхонаи нави паррандапарварӣ дар Себистон аз сӯи гуруҳи ширкатҳои "Авесто", бунёд мешавад. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст доранд. Аз ҷумла, бахшҳои муҳиме, ба монанди ворид кардани мусофирбарҳои "ISUZI" ва "AKIA" ба кишвар, тавлиди оби "Сиёма", пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ва Хуҷанд.

Инчунин ин ширкат соли гузашта дар Душанбе корхонаи муштараки "Артел Авесто"-ро ба истифода дод.

Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, мудири кулли ширкат Муҳаммад Мирзоев (Муҳаммад Мирзо) аст. Мирзоев дар гузашта дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекард.

XS
SM
MD
LG