Ссылки доступа

Расонаҳо: дар аёлати Ҷорҷия тафтишот нисбати Трамп оғоз шуд


Додситонии аёлати Ҷорҷияи ИМА тафтишот нисбати президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро шуруъ кард. Додситонӣ тамоси Трамп ба котиби давлатии аёлат ва талоши ӯ барои бекор кардани натиҷаҳои интихоботи президентии ахирро тафтиш мекунад.

Дар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад. Додситон аз роҳбарияти аёлат дархост кардааст, ҳуҷҷатҳоеро ҳифз кунанд, ки ба тамоси Трамп рабт доранд.

Дафтари котиби давлатии Ҷорҷия ҳам тафтишотро нисбати президенти пешин шуруъ кардааст. Дар дафтари Ҷорҷия гуфтанд, Трамп дар суҳбати телефонӣ ба котиби давлатӣ фишор оварда ва талаб кардааст, ки барои пирӯзии вай теъдоди кофии раъй пайдо кунад.

Дар Сенати ИМА баррасии импичменти Трамп идома дорад.

Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тарафдории муҳокимаи дуввумбораи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп раъй дод, вале зоҳиран ӯро ба ҷавобгарӣ намекашанд, магар ин ки теъдоди зиёди вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ мавзеъгириашонро дигар кунанд.

Рӯзи 9-уми феврал 56 вакили Сенат, палатаи болоии Конгресси Амрико ба тарафдорӣ аз муҳокимаи дубораи Доналд Трамп раъй доданд ва роҳро барои оғози ин муҳокима дар рӯзи 10-уми феврал ҳамвор карданд. Чиҳилу чаҳор вакил мухолифи муҳокимаи такрорӣ раъй доданд.

Қарор аст, муҳокима дубора оғоз ёбад ва дар он аксаран вакилони Ҳизби демократ мехоҳанд, Доналд Трампро ба "барангехтани ошӯб" ва ҳамлаҳо ба бинои Конгресс дар рӯзи 6-уми январ муттаҳам кунанд.

Шаш вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба демократҳо пайваста, ба тарафдории муҳокимаи Доналд Трамп рой доданд, вале барои ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани ӯ, бояд аз се ду ҳиссаи вакилон раъйи мувофиқ бидиҳанд. Баҳс дар ин масъала ин аст, ки оё Қонуни асосии Амрико иҷоза медиҳад, як раиси ҷумҳур, ки маъмурияташ ба поён расидааст, метавонад, аз тарафи вакилон ба қонуншиканӣ муттаҳам шавад.

Вакилони Ҳизби демократ, ки дар муҳокима нақши додситонро иҷро мекунанд, рӯзи 9-уми феврал дар ҷаласаи Сенат ваҷҳу далелҳои қотеъ оварданд, вале худи Ҷумҳурихоҳон гуфтанд, вакилони дифои Доналд Трамп натавонистаанд, аз ӯ дуруст ҳимоят кунанд ва амалкардҳои берабту бенизом доштанд.

XS
SM
MD
LG