Ссылки доступа

Чин ба мадори Миррих ковишгари фазоӣ баровард


Запуск космического зонда "Тяньвэнь-1" к марсу, Китай, июль 2020 года
Запуск космического зонда "Тяньвэнь-1" к марсу, Китай, июль 2020 года

Чин ба мадори Миррих ковишгари фазоии "Тянвэн-1" баровард. Донишмандон бар инанд, ки ҳамакнун имкони омӯзиши фатҳи Миррих аз сӯи одам даст хоҳад дод.

"Тянвэн-1" то моҳи майи соли равон қабати болоии сайёраро муфассал меомӯзад ва барои фаромадани дастгоҳ дар қабати болӣ макони муносибро интихоб мекунад. Бино ба маълумоти пешакӣ, он дар нимкураи шимолии Миррих ҷойгир хоҳад шуд. Дастгоҳ се моҳ дар сайёра мемонад.

Нахустин киштии кайҳонии АМА 9-уми феврал пас аз ҳафт моҳ тай кардани ҳудуди 494 миллион километр, вориди фазои Миррих шуд. Он, ки "Умед" (ба арабӣ "Ал-Амал) ном дорад, сафари худро ба сайёраи Миррих моҳи июли соли 2020 оғоз кард. Ҳадафи киштии арабӣ ҷамъоварӣ ва фиристодани маълумот дар мавриди иқлими Миррих аст.

XS
SM
MD
LG