Ссылки доступа

Ба расонаҳои Узбекистон барои ошкор кардани воқеият фишор меоранд


Мақолае таҳти унвони "Хонаводаҳои фавтидагон мумкин аст, ҷуброн нагирифта бошанд", ки панҷ рӯзи пеш дар сомонаи Gazeta.uz нашр шуда буд, ҳоло дастнорас аст.

Дар он мақола дар бораи хонаводаи шаш фавтидае сухан мерафт, ки дар натиҷаи фурӯрезии земин ҳангоми сохтмони хати метро дар моҳи декабри соли 2019 фавтида буданд. Дар мақола гуфта мешуд, ки хонаводаи қурбониён ҷубронпулӣ дарёфт накардаанд.

Манобеъ мегӯянд, муовини аввали сарвазири Узбекистон Очилбой Раматов ба расона фишор овардааст, ки мақола пок карда шавад.

XS
SM
MD
LG