Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барои ҳифзи куҳпораи Бозжире имзо ҷамъ меоранд


Дар Қазоқистон ширкате тасмим дорад, ки дар наздикии куҳпораи маъруфи "Бозжире" меҳмонхонаи боҳашамат бунёд кунад.

Дар ин робита иддае аз фаъолон фарохони интернетиро ба роҳ монда, аз сокинон даъват доранд, ба ҷонибдорӣ аз ҳифзи "Бозжире" имзо гузоранд.

"Мо аз он нигаронем, ки куҳпораи "Бозжире" - корти шиносоии Қазоқистон - то ҳол ба ҳудудҳои махсусан ҳифзшавандаи кишвар шомил нагардидааст ва ба ин далел маълум нест, ки чи теъдод аз сайёҳон аз ин макон дидан мекунанд. Ба ин тартиб, ба ин макон зиён мерасонанд. Бояд ин макон ба рӯйхати иншооти махсусан ҳифзшаванда шомил гардад ва тартиби воридшавӣ ба ин макон муқаррар шавад", - омада аст дар матни фарохон.

Муаллифони нома навиштаанд, ҳамон гуна, ки зидди беназорат мондани "Бозжире" ҳастанд, зидди табдил додани он "ба биҳишт барои хосон" низ ҳастанд.

"Мо қатъан зидди сохтмони меҳмонхона дар наздикии "Бозжире" ҳастем. Қомат афрохтани меҳмонхона ба муҳити атроф халал эҷод ва арзиши куҳпораро коҳиш медиҳад", - омадааст дар матн.

Муаллифон аз сокинону мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналхалқии экологӣ ва фарҳангӣ даъват кардаанд, ки бо муаллифон ҳамовоз шаванд.

Куҳпораи "Бозжире" дар вилояти Мангистауи Қазоқистон ҷойгир аст. Баландии куҳпора то 250 метр мерасад.

Як ширкати туркӣ мехоҳад, дар наздикии он меҳмонхона бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG